ФЛЕПП – Маркази таълимии забонҳои хориҷӣ ба номи «профессор Қосимҷон Фузайлов» барои мақсадҳои касбӣ ва пешбари дар соҳаи маълумоти иловагии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст. 

      Ҳоло дар марказ аз рӯи 4 фанҳои хориҷӣ ва 5 фанҳои дақиқ таълим дода мешавад. Асоси барномаи ФЛЕПП ин ҳамкори бо ташкилотҳои байналхалқӣ, бо мутахассисон ва соҳибони забон аст. 

    ФЛЕПП метавонад бо мутахассисони забонҳои хориҷии байналмиллали ҳамкори намояд, чунончи дорои иҷозатнома мебошад. Маркази таълимии забонҳои хориҷӣ ба номи «профессор Қосимҷон Фузайлов» машгулиятхои интерактивӣ, илмӣ – оммавӣ ва эстетикиро тавассути усулҳои фаъоли таълими муосир пешкаш менамояд. ФЛЕПП кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки имрӯз шунавандагонашро ба Стандартҳои байналмилали тайёр намуда то ки ба таълаботи бозори меҳнат тайёр намояд.

  Машғулиятҳои интерактивии ФЛЕПП барои он шахсоне, ки мехоҳанд бо забонҳои хориҷӣ озодона ҳарф зананд, дониши худро сайқал диҳанд ва соҳиби ШАҲОДАТНОМА гашта, дар фурсати кӯтоҳтарин бо нархҳои дастрас, мусоидат менамояд.

Номнависӣ ба машғулиятҳои ФЛЕПП тамоми фасли сол бетанаффус бақайд гирифта мешавад.

Дар гурӯҳҳо машғулиятҳо бо усули интерактивӣ гузаронида шуда, бо ҳар як таълимгиранда муносибати инфиродӣ зоҳир менамоем. Доираи шунавандагони машғулиятҳои ФЛЕПП мактаббачагон, коргарони соҳаҳо, абитуриентҳо, хурдсолонро дар бар мегирад. Касоне, ки имконияти хондан дар гурӯҳ надорад, метавонанд ба дарсҳои инфиродӣ номнависӣ карда дарс омӯзанд. ҶДММ Маркази интеллектуалӣ ва таълимии ФЛЕПП фаъолияти худро дар асоси иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва шунавандагони ФЛЕПП дар ин асос соҳиби ШАҲОДАТНОМАИ расмии намуди байналмиллали мегарданд.

    Идораи асоси дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Унҷӣ, хонаи Маданият ошиёнаи 2-юм ҷойгир шудааст.

    Филали  ФЛЕПП дар шаҳраи Гулистон (Қайроққум) кӯчаи Истиқлол 17 «А» мағозаи Дурахшон ошиёнаи 2-юм низ бахши худро дорад. Муносибати тахассусӣ ва таълими босифат кафили натиҷаи дилхоҳ – гирифтани дониш барои тамоми хаёт аст.